Ф.Саидов: Қатли хеши президент фармоишӣ буд

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки ҳодисаи қатли язнаи президенти кишвар, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафарови 57-сола хусусияти фармоишӣ дошт. Зимни нишасти хабарӣ ҳангоми посух ба ҷой доштани хусусиятҳои коррупсионӣ дар ҷинояти мазкур Ф.Саидов таъкид кард, ки ҳамчун собиқ корманди фаврӣ ин ақидаи […]

Наргис Ҳамробоева


Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки ҳодисаи қатли язнаи президенти кишвар, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафарови 57-сола хусусияти фармоишӣ дошт.

Зимни нишасти хабарӣ ҳангоми посух ба ҷой доштани хусусиятҳои коррупсионӣ дар ҷинояти мазкур Ф.Саидов таъкид кард, ки ҳамчун собиқ корманди фаврӣ ин ақидаи шахсии ӯст.

Ба қавли вай, хешовандони Сафаров дар кони тилои Шугнов роҳбарӣ дошта, ҳодисаҳои дуздиву қаллобиро дар он ҷо пешгирӣ ва чанде аз чунин коргаронро аз кор холӣ кардаанд.

«Холмӯъмин Сафаров аз поквиҷдониву софдилии худ осеб дид. Ҷинояткорон ӯро барои қасос ҳадаф интихоб карданд», – иброз дошт Саидов.

Ёдрас мекунем, ки 18-уми январи соли равон Суди олии Тоҷикистон Диловаршо Қосимов, гумонбар ба қатли Холмӯъмин Сафаровро ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Парванда махфӣ унвон шуда,

мурофиа пушти дарҳои пӯшида

дар боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати адлияи ҶТ баргузор шуд.

Диловаршо Қосимов мутобиқи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда – куштор, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва серзанӣ гунаҳкор эътироф гардид. Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари Д.Қосимов хабар дода буд, ки зерҳимояи ӯ худро танҳо дар серзанӣ гунаҳкор эътироф намуда, таъкид кардааст, ки ӯ дар содир намудани ин ҷиноят даст надорад.

Ба қавли адвокат, ояндаи наздик ӯ аз болои ин ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.