Г.Шералӣ: CASA-1000 барои Тоҷикистон лоиҳаи стратегӣ аст

Date:


Зимни мулоқот бо директори иҷроияи котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба лоиҳаи CASA-1000 ҷаноби Томас Брюер вазир энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ изҳор намуд, ки CASA-100 барои Тоҷикистон лоиҳаи стратегӣ аст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетиа ва саноати ҷумҳурӣ, Гул Шералӣ зикр кардааст, ки Тоҷикистон аз имконоти бузурги гидроэнергетикӣ бархӯрдор буда, айни замон дар мавсими тобистон Тоҷикистон ба содироти то 7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ имкон дорад, аммо ба иллати дастрасӣ надоштан ба бозорҳои барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ба бидуни истифода партоб кардани об маҷбур аст ва бо ин сабаб зарарҳои яксола то 245 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Ба қавли вазир, амалисозии лоиҳаи CASA-1000 пайвасти низомҳои энергетикии Тоҷикистону Қирғизистонро таъмин намуда, ба эътимоднокии фаъолияти шабакаи баландшиддати интиқоли барқ дар минтақа беҳбуд мебахшад ва ба интиқоли барқи ин кишварҳо ба манотиқи дигар шароит фароҳам меоварад.

Гул Шералӣ зикр кард, ки баҳри суръатбахшӣ ба амалисозии марҳилаи омодагии лоиҳа қарор шуд, ки мушовирони кишварӣ оид ба масоили ҳуқуқиву тиҷоратӣ киро карда шаванд ва масъалаи кирои мушовирони маҳалливу байнулмилалиро Тоҷикистон ҳаллу фасл ва ба итмом расонидааст. «Мушовирон ба корҳои шиносоӣ ва гирдоварии маълумоти зарурӣ шурӯъ намуданд», – иброз дошт вай.

Вазири энергетика қайд кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба амалисозии лоиҳаи CASA-1000 бо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва мададрасонони имконпазир гуфтушунид дорад.

«Мувофиқи реҷаи омодасозии лоиҳа, то 31-уми март мо бояд имзои як бастаи созишномаҳои байникишвариро ба анҷом расонем ва саривақт ба тасвиб расидани созишномаҳои молиявиву оғози корҳои сохтмонӣ ба натиҷаҳои ин кори муштарак вобаста аст», – афзуд вазир.

Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи CASA-1000 пайвасти шабакаҳои барқии Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон ва минбаъд интиқоли барқ миёни ин кишварҳоро дар назар дорад.

Интизор меравад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин лоиҳа нерӯи барқи барзиёде, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон истеҳсол мешавад, ба бозори Афғонистону Покистон интиқол дода хоҳад шуд, зеро дар ин кишварҳо камбуди шадиди барқ эҳсос мешавад. Дар лоиҳа истифодаи технологияву таҷҳизоти навтарин баҳри таъмини боэътимоди нерӯи барқ пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми дастраси содироти барқ, ки оғозаш солҳои 2016-2017 ба нақша гирифта шудааст, тақрибан 5,5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...