Қариб 3% кам шудани ҳаҷми боркашонӣ дар соли гузашта

Зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки соли 2012 дар Тоҷикистон тавассути ҳама гуна навъҳои нақлиёт каме бештар аз 18 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 қариб 3% камтар мебошад. «Соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ мутаносибан ба андозаи 16,5 ва 5% […]


Зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки соли 2012 дар Тоҷикистон тавассути ҳама гуна навъҳои нақлиёт каме бештар аз 18 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 қариб 3% камтар мебошад.

«Соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ мутаносибан ба андозаи 16,5 ва 5% афзуда, тариқи роҳи оҳан 9,2% коҳиш ёфт», – таъкид дошт вазири нақлиёт.

Дар Вазорати нақлиёт сабаби коҳиши ҳаҷми боркашонӣ дар соли гузаштаро ба аз ҷониби Ӯзбекистон баста шудани ҳаракати қатораҳо ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз 16-уми ноябри соли 2011 нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, соли 2012 ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон ба миқдори 2,6% афзуда, шумори умумии мусофирони аз хизматгузорӣ баҳраваршуда ҳудуди 170 млн. нафарро ташкил додааст.

Соли гузашта фурудгоҳҳои байнулмилалии кишвар (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа) дар маҷмӯъ ба беш аз 2,2 млн. нафар мусофирон хизматгузорӣ кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.