ВМКБ: Маҳрумияти 200 муштарии филиали «Тоҷиктелеком» аз алоқа

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 200 нафар муштариёни телефонҳои бесими филиали «Тоҷиктелеком» аз алоқа  маҳрум шуданд. Зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон муовини сардори филиали «Тоҷиктелеком» дар Бадахшон Зафар Бутабеков дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин вазъ аз кор бозмондани таҷҳизоти махсусе сабаб будааст, ки ҳанӯз ду сол пеш аз ҷониби мутахассисони Чин насб шуда […]


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 200 нафар муштариёни телефонҳои бесими филиали «Тоҷиктелеком» аз алоқа  маҳрум шуданд.

Зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон муовини сардори филиали «Тоҷиктелеком» дар Бадахшон Зафар Бутабеков дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин вазъ аз кор бозмондани таҷҳизоти махсусе сабаб будааст, ки ҳанӯз ду сол пеш аз ҷониби мутахассисони Чин насб шуда будааст.

«Кӯшишҳои мутахассисони маҳаллӣ ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои он бентаиҷа анҷом ёфта айни замон таҷҳизот ҷиҳати таъмир ба идораи марказии «Тоҷиктелеком» фиристода шуд», – иброз дошт вай.

Ба қавли Бутабеков, соли гузашта ҳаҷми хизматрасониҳои филиал дар вилоят ҳамагӣ 1,322 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2011 ба андозаи 18% камтар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2012 шумори муштариёни «Тоҷиктелеком» афзун ва ба 12 ҳазор нафар расидааст.

«Дар натиҷаи селу тармафароӣ дар ағбаи Хобуробот аввали баҳори соли гузашта, хатти оптикиву нахии таъмикунандаи алоқа миёни Душанбеву Хоруғ ва дигар манотиқи ВМКБ аз кор баромада, чанде аз ширкатҳои фароҳамсози алоқаи аз ин хат истифодакунанда ба алоқаи моҳвораӣ гузаштанд, ки ин низ ба коҳиши даромади филиал боис гардид», – зикр кард вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, маҳз ба ҳамин иллат даромад аз зангҳои байнишаҳрӣ низ ба маблағи қариб 110 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.