Муборизаи шаҳрдории пойтахт бо андозсупорандагони саркаш

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии кории шаҳрдорӣ  баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа дар радифи дигар масоили хоҷагидории шаҳр, ба баррасии вазъи ҷамъоварии андозу пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳолати рӯёнидани бақияпулиҳои андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии […]


Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии кории шаҳрдорӣ  баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа дар радифи дигар масоили хоҷагидории шаҳр, ба баррасии вазъи ҷамъоварии андозу пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳолати рӯёнидани бақияпулиҳои андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар пойтахт фаъолиятдошта бо мақсади мусоидат ба таъмини иҷрои нақшаи буҷети шаҳр дар соли 2013  таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Роҷеъ ба масъалаи мазкур гузориши сардори Раёсати  андози шаҳри Душанбе А. Воҳидов баррасӣ гашт. Бо хулоса аз он Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи  муовини масъули Раиси шаҳр ва мақомоти андозу Сарраёсати молияи шаҳрро ҳамвора бо дигар мақомоти назорати давлатӣ ба масъалаи матраҳшуда нигаронида, дастур фармуд, ки назорати иҷрои пардохтҳои ҳатмӣ, ҷамъоварии андозро бо истифода аз муқаррароти қонунгузории кишвар, қабл аз ҳама  нисбати хилофкорон пурзӯр намуда, оид ба рӯёнидани бақияпулиҳои андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии қарздор тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаи вазъи санитарию экологӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва бо истифода аз мусоидати обуҳаво сафарбар намудани потенсиали сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигӣ ба маъракаҳои ободонию ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳр низ баррасӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.