Оғози корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент

Корҳои сохтмонӣ оид ба таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон моҳи феврали соли равон оғоз меёбанд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик бо ширкати байнулмилалии консалтингӣ ҷиҳати назорат аз болои ҷараёни сохтмон ва идоракунии лоиҳа қарордод ба имзо мерасад, ки барои лоиҳаҳои аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ маблағгузоришуда шарти ҳатмӣ […]


Корҳои сохтмонӣ оид ба таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон моҳи феврали соли равон оғоз меёбанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик бо ширкати байнулмилалии консалтингӣ ҷиҳати назорат аз болои ҷараёни сохтмон ва идоракунии лоиҳа қарордод ба имзо мерасад, ки барои лоиҳаҳои аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ маблағгузоришуда шарти ҳатмӣ мебошад.

Ба қавли вазири нақлиёт, паймонкори кулли сохтмон ширкати сохтмонии «Бейсинг»-и Чин интихоб гардида, ҳамаи техникаи зарурӣ ворид ва корҳои омодагӣ ба анҷом расида, корхонаи бетонбарорӣ низ омодаи кор аст. «Дар чунин шароит лоиҳаро метавон на дар муддати 3 соли пешбинишуда, балки дар муҳлати 2,5 сол амалӣ сохт», – таъкид намуд Н.Ҳакимов.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта Бонки осиёгии рушд (БОР) эълом дошт, ки барои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 136 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарики молиявӣ дар ҳаҷми 22 млн. $ сармоягузорӣ ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ ба маблағи 14 млн. $ қарз ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёт иҷрокунандаи лоиҳаи мазкур маҳсуб гардида, анҷоми он соли 2016 дар назар аст.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур таъмиру азнавсозии роҳ, беҳбуди низоми дренажӣ ва пулҳо, беҳтар намудани вазъи бехатарӣ, беҳбуди зербинои посгоҳи марзии «Саразм», вазъи роҳҳои васлшаванда, иншооти таъиноти истифодаи умум ва омӯзиши аҳолии маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.

Корҳои таъмиру азнавсозии лоиҳа 11 адад иншооти назди роҳ, аз ҷумла 3 манзили зистро низ фаро мегиранд, ки барои он аз ҷониби ҳукумат дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА воситаҳои пардохти ҷуброн ҷудо карда шудаанд.

Роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон бо масофаи 113 километр қисмате аз Роҳи қадимаи абрешим аст. Он қад-қади дарёи Зарафшон ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакентро убур намуда, то марзи Ӯзбекистон мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.