Боздошти 6 тан аз ҷонибдорони ҲИӮ дар ҷануби ҷумҳурӣ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 6 тан аз ҷонибдорони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ)-ро боздошт намуданд. Раиси ноҳияи Қубодиён Абдумӯмин Улфатов зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тайи ду моҳи ахир кормандони мақомоти интизомии вилояту ноҳия шаш сокини деҳаи Қизил Нишони ҷамоати Янгийӯли ноҳияро ба гумони узвият дар ҲИӮ дастгир кардаанд. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 6 тан аз ҷонибдорони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ)-ро боздошт намуданд.

Раиси ноҳияи Қубодиён Абдумӯмин Улфатов зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тайи ду моҳи ахир кормандони мақомоти интизомии вилояту ноҳия шаш сокини деҳаи Қизил Нишони ҷамоати Янгийӯли ноҳияро ба гумони узвият дар ҲИӮ дастгир кардаанд.

«Ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни тафтишот, мо алҳол ному насаби онҳоро ифшо карда наметавонем ва бо итмоми тафтишот, тамоми маълумоти зарурӣ ба ВАО пешниҳод хоҳад шуд», – иброз дошт вай.

Ба қавли раиси ноҳия,  соли гузашта низ 5 нафар сокинони ҳамин деҳа ба гумони узвият дар ҲИӮ боздошт шуда маҳкум гардида буданд ва аз ин рӯ, як гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо аҳолии деҳаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

А. Улфатов мегӯяд, аслан инҳо ҷавононе мебошанд, ки дар Русия ба доми фиреб афтода, сипас барои таълим ба курсҳои махсуси омодагии ҷангӣ ба кишварҳои хориҷӣ дур сафарбар карда мешаванд. «Айни замон вазъ таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад», – итминон дод раиси ноҳия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.