Эҳтимоли пулакӣ шудани шоҳроҳҳои дигари кишвар

Аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда шоҳроҳҳои дигари Тоҷикистон низ пулакӣ шаванд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Низом Ҳакимов,  вазири нақлиёти Точикистон хабар дод. Ба гуфтаи вазир, нигоҳдории роҳҳо дар Тоҷикистон хароҷоти зиёд талаб мекунад ва яке аз воситаиҳои таъмини ин хароҷот ҷамъоварии маблағ аз истифодабарандагони роҳ аст. Вазири нақлиёт таъкид кард, ки […]


Аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда шоҳроҳҳои дигари Тоҷикистон низ пулакӣ шаванд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Низом Ҳакимов,  вазири нақлиёти Точикистон хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, нигоҳдории роҳҳо дар Тоҷикистон хароҷоти зиёд талаб мекунад ва яке аз воситаиҳои таъмини ин хароҷот ҷамъоварии маблағ аз истифодабарандагони роҳ аст. Вазири нақлиёт таъкид кард, ки то соли 2014 пулакӣ шудани роҳҳо дар назар нест. Ӯ афзуд, ки зимни роҳандозии ин иқдом дар солҳои оянда, ҳатман назари мардумро ба инобат хоҳанд гирифт. 

Айни ҳол дар Тоҷикистон бо қарзу грантҳои хориҷӣ шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Турсунзода тармиму тачдид шуда истодаанд, аммо ягона роҳе, ки дар кишвар пулакӣ аст, шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мебошад. Шуруъ аз 1-уми апрели соли 2010-ум роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бо қарори ҳукумати Точикистон пулакӣ шуд ва зери назорати ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) гузашт.

Ин ширкат дар хориҷ аз Тоҷикистон сабти ном шуда, бо қарори парлумони кишвар аз имтиёзҳои махсус бархӯрдор аст. Аз ҷумла, ин ширкат на танҳо худи роҳ, балки ҳошияи ду тарафи онро низ зери назорат дорад.

Вазири нақлиёт аз фаъолияти ин ширкат изҳори қаноатмандӣ карда, зикр кард, ки барои нигоҳдории роҳ маблағҳои зиёд масраф мекунад. Вазир таъкид кард, ки танҳо соли гузашта IRS ба буҷаи Точикистон беш аз 3 миллион сомонӣ ворид кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.