Назари Кумитаи дин оид ба худдории ВАО аз содир намудани фатво

Date:


Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ муроҷиати Маркази исломии Тоҷикистонро дар масъалаи худдорӣ намудани аҳли қалам аз даст задан ба масъалаҳои ақидавӣ ва мазҳабӣ мавриди омӯзиш қарор дод.

Ёдрас мекунем, ки Маркази исломии Тоҷикистон ба мақомоти раҳбарии расонаҳои хабарӣ ва кормандони Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ тавсия дод, ки аз содир намудани фатво тариқи матбуот худдорӣ варзанд.

Дар муроҷиатномаи пахшшудаи Маркази мазкур дар ин робита зикр мегардад, ки ҳалли масъалаҳои шаръӣ масъулияти Шӯрои уламои Маркази исломӣ мебошад ва ҳар фарди мусалмон ва ҳар сокини Тоҷикистон метавонанд озодона ба ин Марказ муроҷиат карда, эҳтиёҷоти маънавӣ ва масоили ҳалталаби мазҳабияшонро бароварда созанд.

Дар Кумитаи умури дин дар ин робита изҳор медоранд, ки Маркази исломӣ дар муроҷиатномаи худ аз назари илмӣ ба маврид ва дуруст таъкид менамояд, ки илми ақида ва фатво нозукӣ ва махсусияти худро дорад ва касе ба он даст зада метавонад, ки сатҳи дониш, малакаи касбӣ ва имкони онро дошта бошад. Илм чи навъе набошад, усулу қоида ва равиши худро дорад. Пас риояи он усул ва қоида ба нафаре муаяссар мешавад, ки вай аз назари илмӣ, фарҳангӣ ва қонунӣ чунин масъулиятро дошта бошад.

Гуфта мешавад, Маркази исломии Тоҷикистон ҷамъи уламои кишварро муттаҳид кардааст, аз назари шаръӣ ва ҳуқуқӣ танҳо ин мақом ҳуқуқи баровардани фатворо дорад, на каси дигар. Масъулияташ низ аз назари шаръӣ ба дӯши ҳамин марказ аст.

Шӯрои Уламои Маркази исломӣ ҳамчун мақоми ваколатдор ва марказонидашудаи исломӣ, ки ба ҳушдор намудан ва даъват овардан ба низом ва тартибот дар фазои андешаи динӣ нигаронида шудааст, на танҳо ҳуқуқ, балки аз вазифаҳои муқаддаси ин ниҳод аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...