Танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар Тоҷикистон

Имрӯз аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар қаламрави ҷумҳурӣ фармон ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармон бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку ва таъмини иҷрои Қонуни ҶТ «Дар […]

ASIA-Plus


Имрӯз аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар қаламрави ҷумҳурӣ фармон ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармон бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку ва таъмини иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба имзо мерасад.

Мувофиқи фармони баимзорасида, аз 1-уми апрел фурӯши маҳсулоти тамоку дар қаламрави кишвар дар асоси иҷозатнома ба роҳ монда мешавад.

«Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати мавриди амал қарор додани фармони мазкур аз санаи зикршуда уҳдадор мешавад», – омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?