Омодагирии шаҳрдории пойтахт ба таҷлили ҷашни Наврӯз

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили омодагиҳо ба таҷлили сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва таҳияи сенарияи баргузории он дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа вазири фарҳанг, президенти Академияи илмҳои кишвар ва […]

ASIA-Plus


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили омодагиҳо ба таҷлили сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва таҳияи сенарияи баргузории он дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа вазири фарҳанг, президенти Академияи илмҳои кишвар ва директорону олимони Пажӯҳишгоҳҳои он, раиси Иттифоқи нависандагон ва муовинони ӯ, инчунин дигар масъулини сохторҳои шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи аҳли ҳузорро ба таҳияи сенарияи истиқболи арзандаи Наврӯзи байналмилалӣ ҷалб намуда, зикр кард, ки то 31 январи соли ҷорӣ се гурӯҳи кории созмонёфта: Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳо ва вазорати фарҳанги кишвар дар алоҳидагӣ вариантҳои сенарияи худро манзури шаҳрдорӣ менамоянд.

Дар ин росто зикр ёфт, ки Наврӯзи байналмилалии 2013 дар шаҳри Душанбе 21 март дар сатҳи маҳаллаву шаҳракҳо, 22 март дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо намоиши театрикунонидашуда ҳамчун сатҳи шаҳрӣ, 23 март чун риояи рукни наврӯзӣ ҳашари умумишаҳрӣ ҷиҳати ободонии маҳал бо шинонидани дарахтони ороишию сояафкан, 24 март мусобиқаҳои варзишии наврӯзӣ дар  КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  таҷлил карда хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.