Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили омодагиҳо ба таҷлили сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва таҳияи сенарияи баргузории он дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа вазири фарҳанг, президенти Академияи илмҳои кишвар ва директорону олимони Пажӯҳишгоҳҳои он, раиси Иттифоқи нависандагон ва муовинони ӯ, инчунин дигар масъулини сохторҳои шаҳрӣ ширкат варзиданд.
Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи аҳли ҳузорро ба таҳияи сенарияи истиқболи арзандаи Наврӯзи байналмилалӣ ҷалб намуда, зикр кард, ки то 31 январи соли ҷорӣ се гурӯҳи кории созмонёфта: Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳо ва вазорати фарҳанги кишвар дар алоҳидагӣ вариантҳои сенарияи худро манзури шаҳрдорӣ менамоянд.
Дар ин росто зикр ёфт, ки Наврӯзи байналмилалии 2013 дар шаҳри Душанбе 21 март дар сатҳи маҳаллаву шаҳракҳо, 22 март дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо намоиши театрикунонидашуда ҳамчун сатҳи шаҳрӣ, 23 март чун риояи рукни наврӯзӣ ҳашари умумишаҳрӣ ҷиҳати ободонии маҳал бо шинонидани дарахтони ороишию сояафкан, 24 март мусобиқаҳои варзишии наврӯзӣ дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе таҷлил карда хоҳад шуд.


