Зиёфат барои анҷоми ваколати намояндаи доимии АКДН

Date:


Ахири ҳафтаи гузашта Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (АКДН) ҳамчун нишони эҳтиром ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони сершумори хеш оид ба рушд барои дастгириашон, инчунин ибрози сипосу эҳтиром ба Намояндаи доимӣ ҷаноби Мунир Мералӣ, ки рӯзи душанбе мӯҳлати расолати ҳафтсолааш дар Тоҷикистон ба итмом мерасад, дар меҳмонхонаи Душанбе Серена зиёфати махсус орост.

 

Дар байни меҳмонон шахсони олирутбаи ҳукумат, аз ҷумла Муовини якуми Сарвазир ҷаноби Матлубхон Давлатов, Сармушовири давлатии Президент ҷаноби Эркин Раҳматуллоев буданд. Ҷаноби Давлатов зимни суханронии хеш қайд намуд, ки: «Боиси зикр аст, ки дастовардҳои дӯстонаву бародаронаи Сарвари давлати мо, мӯҳтарам Ҷаноби олӣ Эмомали Раҳмон ва Пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV  мебошад». ӯ инчунин илова кард: «Дар ин росто, татбиқу амалисозии тааҳҳудоти сатҳи баланд бешубҳа ба меҳнату заҳмати Намояндаи доимӣ Созмон дар кишвар робита дорад. Аз ин ҷост, ким о саҳми ҷаноби Мунир Мералӣ ва ҳамкорони ӯро дар ин дастовардҳо назаррас ва таҳсинпазир медонем».

Дар зиёфат инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ, аз ҷумла, сафирони Германия, Франсия, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Шоҳигарии Муттаҳида, Япония, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Россия, Арабистони Саудӣ ва ӯзбекистон иштирок карданд. Ҷаноби  Стефан Миллер, Сафири Канада ба ҷаноби Мунир Мералӣ аз номи хонуми мӯҳтарам Диана Аблонски, Вазири корҳои хориҷии Канада мактуберо пешниҳод намуд, ки дар он ба ҷаноби Мералӣ барои иҷрои вазифааш ба ҳайси масъули шаҳрвандони Канадаи муқими Тоҷикистон изҳори сипос намудааст. Дар мактубаш ӯ қайд намудааст, ки: “ Шаҳрвандони зиёди мо ҳар сол ба хориҷ аз кишвар сафар карда, дар он ҷо истиқомат мекунанд, аз ин рӯ, мо ба шахсони содиқе умед хоҳем баст, ки бо мо дар иртиботанд ва дар ҳолатҳои бӯҳронӣ бобати расондани маълумот ба дигарон ба мо кумак мерасонанд. Чунин шаҳравандоне мисли Шумо роҳҳои зарурии саривақтии ҳалли масъаларо дарёфт карда метавонанд ва ман  маҳз барои ҳамин аз Шумо сипосгузорам, ки чунин расолатро ба дӯшатон гирифтаед”.

Барои хайрухуш бо ҷаноби Мералӣ ба зиёфат инчунин аъзои ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла сарони намояндагиҳои Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ, Фонди  байналхалқии асъор, Бонки таҷдиду рушди Европа, Бонки рушди Осиё, ЮСАИД ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкори, инчунин роҳбарони оҷонсиҳои АКДН ташриф оварда буданд.

Аз номи роҳбарони агентиҳои АКДН ва инчунин ба ҳайси Президенти Шӯрои Миллии Исмоилии Тоҷикистон доктор Шарофат Мамадамбарова суханронӣ намуда, ба ҷаноби Мунир Мералӣ эҳтироми худро иброз дошта, ба ӯ барои мақоми ҳалкунандааш дар анҷоми сохтмон ва ифтитоҳи Маркази Исмоилияи Душанбе ва таъсиси Сохторҳои Ҷамоатӣ дар Тоҷикистон  изҳори ташаккур  намуд.

 Ҷаноби Мунир Мералӣ дар суханронии хотимавиаш ба Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумакҳои расондаашон ба АКДН ва ҷонибдории иқдомоти Волоҳазрат Оғохон изҳори сипос намуд.Ҷаноби Мералӣ инчунин бо истифода аз фурсати муносиб Намояндаи доимӣ дар Тоҷикистон Ҷаноби Акбар Алӣ Песнаниро, ки нав таъин шудааст, муаррифӣ намуд.

Даҳсолаҳои охир аз ҳамкории қавии АКДН, ҳукумат , донорҳо ва шарикони байналхалқӣ шаҳодат медиҳад, ки таъсиси Ширкати Помир Энерҷӣ намунаи барҷастаи он аст ва ҳамчун моделе бомуваффақияттарини шарикии ҷамъиятию хусусӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад;  омезиши ҳамкории байни Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкори ва АКДН. Маблағгузориҳои дигари қаблӣ ифтитоҳи Меҳмонхонаи Душанбе Серенаро дар бар мегиранд, ки мақсади он ҳиссагузорӣ дар рушди  соҳаи туризми  маҳаллӣ ва истироҳат мебошад. Мақсади сохтмони чор пули байнисарҳадӣ бо Афғонистон ва ифтитоҳи қарибулвуқӯъи пули панҷум дар ноҳияи Шӯроободи Вилояти Хатлон дар моҳи марти соли ҷорӣ  аз ҳавасмандгардонии савдои байнисарҳадӣ ва ҳамкории минтақавӣ иборат аст. Саҳми АКДН дар соҳаи маориф таъсиси Маркази тарбияи  синни томактабии кӯдак ва кӯшишҳо бобати рушди маркази  бартарияти пасазмактабӣ дар маориф тавассути таъсиси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.Ташкилот чанде қабл дар соҳаи тандурустӣ Маркази минтақавии ташхисро  дар Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ таъсис дод , ки он ба маризони Тоҷикистон ва Шимоли Афғонистон  бобати ташхис хидмат мерасонад. АКДН ҳамчун як қисми стратегияи умумии худ дар бахши паст кардани сатҳи камбизоатӣ инчунин Аввалин бонки молияи хурди Тоҷикистонро таъсис дод; он аввалин бонки  тиҷоратии  кишвар ва дорои иҷозатнома буда, вазифаи асосии он додани қарзҳои хурд мебошад. Бонки мазкур илова бар Идораи марказии хеш дар шаҳри Душанбе, инчунин дар Хоруғ, Рашт, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа шӯъбаҳо дошта, дорои сандуқи фаъоли қарзии зиёда аз 25 миллион доллари ИМА мебошад.   

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд умуман яке аз калонтарин кордеҳони хусусии Тоҷикистон ба шумор рафта, дорои зиёда аз 3 500 нафар кормандони содиқи хеш аст, ки дар 8 оҷонсӣ фаъолият доранд. Ташкилот инчунин калонтарин андозсупорандаи кишвар аст ва ба кори беҳтар гардондани воситаҳои дарозмуддати мавҷудият, шароити зист ва имконоти иқтисодии тамоми тоҷикон дар Тоҷикистон садоқатманд хоҳад монд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related