У.Қувватов ба наздикӣ ба Тоҷикистон оварда мешавад

Зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки ба наздикӣ масъалаи истирдоди пешвои ҳаракати мухолифи ҳукумати «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад. Тибқи баъзе маълумоти дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қарордошта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аллакай дар Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) қарор […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки ба наздикӣ масъалаи истирдоди пешвои ҳаракати мухолифи ҳукумати «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад.

Тибқи баъзе маълумоти дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қарордошта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аллакай дар Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) қарор доранд.

Ба гуфтаи Саидов, У.Қувватов ғоибона мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) айбдор карда мешавад. «Муайян карда шудааст, ки Қувватов маблағи 30 адад автомашинаҳои тамғаи «Дуланг»-ро, ки ба Тоҷикистон оварда шудаанд, ба ду нафар шаҳрвандони Чинро пардохт накардааст. Ғайр аз ин, оид ба далели қаллобии Қувватов дар Агентӣ боз чор аризаи дигари шаҳрвандони Тоҷикистон мавҷуданд», – гуфт ӯ.

Роҳбари Агентии зиддифасод мегӯяд, ҳамчунин дар Агентӣ аризаҳои шаҳрвандони хориҷӣ мавҷуд аст, ки гаравгонгирии онҳо аз ҷониби Қувватовро тасдиқ месозанд.

Ёдрас мекунем, ки Умаралӣ Қувватов санаи 23-юми декабри соли гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Дубай боздошт шуд.  Бино ба маълумоти islamnews.tj, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.