Роҳбари СБМ: Охири буҳрон ҳоло маълум нест

Date:


Зимни маърӯза дар Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодии Давос директори генералии Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) Гай Райдер изҳор дошт, ки вазъи душвор дар бозори меҳнат ба муддати тӯлонитар идома ёфтани буҳрон далолат мекунад.

Райдер зарурати андешидани чораҳои таъҷилӣ оид ба пешгирии буҳрони шуғлро таъкид дошта, огоҳ намуд, ки рушди воқеъии иқтисод бидуни таъсиси ҷойҳои нави корӣ ғайриимкон аст.

Зимни посух ба савол дар бораи робитаи мутақобилаи шуғл ва рушди иқтисодӣ ӯ зикр кард, ки ин мантиқи одиро мақомоти марбута нодида гирифта, бо буҳрони иқтисодӣ дар Аврупо тавассути тадбирҳои масрафсозии шадид муборизаро оғоз карданд.

«Агар ба ин нукта се ё чаҳор сол пештар гӯш медоданд, баъзе падидаҳои буҳрони марбут ба шуғлро пешгирӣ кардан имконпазир буд, зеро яке аз мушкилоти асосӣ маҳз дар ҳамин масъала ифода меёфт », – иброз доштааст вай.

Ба гуфтаи вай, соли 2012 дар саросари ҷаҳон сафи бекорон зиёда аз 4 млн. нафар афзуда, тибқи пешгӯиҳо, соли 2013 шумори онҳо ба беш аз 5 млн. нафари дигар зиёд мешавад ва охири буҳрон ҳоло маълум нест.

Қаблан Райдер изҳор дошта буд, ки «ба хулосаҳои шитобкорона оид ба итмоми буҳрон набояд роҳ дод». «Барои касоне, ки дар навбати кор истодаанд, буҳрон давом дорад ва ин навбат торафт дарозтар мешавад», – гуфта буд ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...