Роҳбари СБМ: Охири буҳрон ҳоло маълум нест

Зимни маърӯза дар Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодии Давос директори генералии Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) Гай Райдер изҳор дошт, ки вазъи душвор дар бозори меҳнат ба муддати тӯлонитар идома ёфтани буҳрон далолат мекунад. Райдер зарурати андешидани чораҳои таъҷилӣ оид ба пешгирии буҳрони шуғлро таъкид дошта, огоҳ намуд, ки рушди воқеъии иқтисод бидуни таъсиси ҷойҳои нави корӣ ғайриимкон […]


Зимни маърӯза дар Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодии Давос директори генералии Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) Гай Райдер изҳор дошт, ки вазъи душвор дар бозори меҳнат ба муддати тӯлонитар идома ёфтани буҳрон далолат мекунад.

Райдер зарурати андешидани чораҳои таъҷилӣ оид ба пешгирии буҳрони шуғлро таъкид дошта, огоҳ намуд, ки рушди воқеъии иқтисод бидуни таъсиси ҷойҳои нави корӣ ғайриимкон аст.

Зимни посух ба савол дар бораи робитаи мутақобилаи шуғл ва рушди иқтисодӣ ӯ зикр кард, ки ин мантиқи одиро мақомоти марбута нодида гирифта, бо буҳрони иқтисодӣ дар Аврупо тавассути тадбирҳои масрафсозии шадид муборизаро оғоз карданд.

«Агар ба ин нукта се ё чаҳор сол пештар гӯш медоданд, баъзе падидаҳои буҳрони марбут ба шуғлро пешгирӣ кардан имконпазир буд, зеро яке аз мушкилоти асосӣ маҳз дар ҳамин масъала ифода меёфт », – иброз доштааст вай.

Ба гуфтаи вай, соли 2012 дар саросари ҷаҳон сафи бекорон зиёда аз 4 млн. нафар афзуда, тибқи пешгӯиҳо, соли 2013 шумори онҳо ба беш аз 5 млн. нафари дигар зиёд мешавад ва охири буҳрон ҳоло маълум нест.

Қаблан Райдер изҳор дошта буд, ки «ба хулосаҳои шитобкорона оид ба итмоми буҳрон набояд роҳ дод». «Барои касоне, ки дар навбати кор истодаанд, буҳрон давом дорад ва ин навбат торафт дарозтар мешавад», – гуфта буд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.