Тоҷикистониён ба соли 2013 хушбинанд

Қисмати асосии сокинони Тоҷикистон ба соли фарорасида хушбинона назар андохта, онро барои худ муваффақ арзёбӣ мекунанд. Бино ба натоиҷи як назарсанҷии Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало», аз 910 нафари мавриди пурсиш қароргирифта, 63% соли фарорасидаро муваффақ ва ҳамагӣ 2% онро мушкил арзёбӣ намуда, 29%-и пурсидашудагон ба ҷавоби ин савол мушкилӣ кашидаанд. Дар мавриди посух ба савол […]


Қисмати асосии сокинони Тоҷикистон ба соли фарорасида хушбинона назар андохта, онро барои худ муваффақ арзёбӣ мекунанд.

Бино ба натоиҷи як назарсанҷии Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало», аз 910 нафари мавриди пурсиш қароргирифта, 63% соли фарорасидаро муваффақ ва ҳамагӣ 2% онро мушкил арзёбӣ намуда, 29%-и пурсидашудагон ба ҷавоби ин савол мушкилӣ кашидаанд.

Дар мавриди посух ба савол дар бораи нақшаҳо дар соли 2013 чунин посухҳо бештар писандида будаанд: издивоҷ (тӯйи арӯсиву кӯдакон), сохтмони ё харидани манзили зист. Мардон бештар сохтмони хонаву харидани автомашина ва сафар ба Русия баҳри кор ва занон тӯйу таъмири хона, омодагии кӯдакон ба таҳсил, харидории мебел ва асбобу лавозимоти маиширо муҳим донистаанд. Ҳамагӣ 1%-и пурсидашудагон истироҳат дар хориҷи кишварро ба нақша гирифтаанд.

Дар арзёбии соли сипаришуда 68%-и пурсидашудагон онро соли муваффақ, 23% – соли муқаррарӣ ва 7% – соли душвору нохуб унвон кардаанд.

Зимни суҳбати телефонӣ аз пурсидашудагон номбар кардани рӯйдоди муҳимтарини сол барои Тоҷикистон дар соли 2012-ро дархост намудаанд. Таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи нақби Шаҳристон ва 16-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷумлаи посухҳои бештар писандида дар мавриди ин суол будаанд.

Қисмати начандон зиёди пурсидашудагон (2%) овозаҳои ба охир расидани ҳаёт дар рӯи Замин ва 1%-и онҳо таҷлил аз Соли нав, медоли Мавзуна Чориева дар Олимпиада ва сӯхтор дар бозори «Корвон»-ро аз рӯйдодҳои муҳими соли 2012 донистаанд. Дар ҳамин ҳол, 71%-и пурсидашудагон аз посух ба ин савол душворӣ кашидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.