Дар гузашти низомӣ бори нахуст занон ширкат меварзанд

Дар гузашти низомӣ ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки санаи 23-юми феврал дар майдони Дӯстии пойтахт баргузор мегардад, бори нахуст дар таърихи замони истиқлол занони хизматчии ҳарбӣ низ ширкат меварзанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар гузашти низомӣ иштироки сафи занон аз ҳисоби кормандони […]


Дар гузашти низомӣ ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки санаи 23-юми феврал дар майдони Дӯстии пойтахт баргузор мегардад, бори нахуст дар таърихи замони истиқлол занони хизматчии ҳарбӣ низ ширкат меварзанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар гузашти низомӣ иштироки сафи занон аз ҳисоби кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ба нақша гирифта шудааст.

«Ҳамучунин дар гузашти низомӣ бори нахуст иштироки сафи махсуси намояндагони Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ низ дар назар аст», – гуфт ӯ.

Ба қавли котиби матбуотии вазорат, ҳамин тариқ шумори иштирокчиёни гузашти низомӣ аз 6 ҳазор то 10 ҳазор нафар зиёд мешавад, зеро қаблан танҳо иштироки ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе, воҳидҳои қушӯнҳои дохилӣ, Академияи ВКД, Гвардияи миллӣ, воҳидҳои КҲФ ва нерӯҳои марзбонӣ дар назар буд.

Қобили зикр аст, ки ба гузашти низомии мазкур сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ ва гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.