Гуфтушуниди раиси «Амонатбонк» бо ҳамтоҳои чинӣ

Дар доираи вохӯрии раисони бонкҳои аъзои Иттиҳодияи  байнибонкии Созмони ҳамкории  Шанхай гурӯҳи кории Бонки давлатии амонатгузории  Тоҷикистон «Амонатбонк» бо роҳбарии раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад. Тавре аз хадамоти матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк» хабар доданд, имрӯз, 29-уми январи соли 2013 дар Маркази таълимии Бонки давлатии рушди Чин дар шаҳри Саняи Чин […]


Дар доираи вохӯрии раисони бонкҳои аъзои Иттиҳодияи  байнибонкии Созмони ҳамкории  Шанхай гурӯҳи кории Бонки давлатии амонатгузории  Тоҷикистон «Амонатбонк» бо роҳбарии раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк» хабар доданд, имрӯз, 29-уми январи соли 2013 дар Маркази таълимии Бонки давлатии рушди Чин дар шаҳри Саняи Чин вохӯрии раиси Раёсати  БДА ҶТ «Амонатбонк «– Ҳасанова Г.К. бо Раиси Шӯрои Директорони Бонки давлатии рушди Чин ҷаноби Чен Юан баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз татбиқи лоиаҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна ва қарзҳо барои манотиқи куҳистон аз ҷониби филиалҳои Амонатбонк қаноатмандии роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин иброз гардид.

Ҳамчунин масъалаи дастгирии ҷониби Бонки давлатии рушди Чин барои татбиқи пешниҳоди лоиаҳои ҳаётан муҳим аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар давоми соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон оиди ҷудо намудани  қарзҳо барои соҳаи истеҳсолот раиси Раёсати Амонатбонк Ҳасанова Г.К. муҳимияти сохтмони фабрикаи коркарди нахи пахта то маҳсулоти тайёр бо истифода аз технологияи муосирро ба саҳми роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин расонид ва ин иқдом дастгирӣ ёфт.

Масъалаи дигаре, ки дар рафти вохӯрӣ баррасӣ гардид, ин дар мавриди тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия ва қарз буд, ки дар ин самт Амонатбонк бо БДРЧ собиқаи зиёда аз 5-сола дорад. Ҷониби Бонки давлатии рушди Чин ин масъаларо низ муҳим арзёбӣ намуда, омодагии ҳамешагии худро изҳор кард.

Дар охир тарафҳо ба қарор омаданд, ки барои вусъати хамкории судманд  аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.