М.Мухторов: Миёни аҳолии ОМ таҳаммулпазирӣ заъиф шудааст

Дар мизи гирд таҳти унвони «Ислом, таҳаммулпазирӣ ва ҷавонон», ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ кард, масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ба ҷаҳонбинии дигар аз нигоҳи таълимоти ислом баррасӣ мешаванд. Созмондиҳандагони чорабинии мазкур Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» ва намояндагии Институти инъикоси ҷангу ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон мебошанд. Зимни ифтитоҳи мизи гирд роҳбари намояндагии […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Дар мизи гирд таҳти унвони «Ислом, таҳаммулпазирӣ ва ҷавонон», ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ кард, масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ба ҷаҳонбинии дигар аз нигоҳи таълимоти ислом баррасӣ мешаванд.

Созмондиҳандагони чорабинии мазкур Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» ва намояндагии Институти инъикоси ҷангу ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон мебошанд.

Зимни ифтитоҳи мизи гирд роҳбари намояндагии IWPR дар ҶТ Абдумалик Қодиров зикр кард, ки баргузории чорабинӣ бо мақсади аз ҷониби намояндагони ҳокимияти расмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дарёфт намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти таҳкими таҳаммулпазирӣ миёни ҷавонони тоҷик ва пешгирии омилҳои пайдо шудани таҳаммулнопазирӣ миёни онҳо роҳандозӣ шудааст.

Дар навбати худ, директори генералии медиахолдинги «Азия-Плюс» Умед Бобохонов дар ин робита зикр кард, ки мавзӯи интихобкарда барои мизи гирд хеле муҳим буда, таҳаммулпазирӣ кафолати асосии таъмини сулҳу субот дар кишвари мост. «Аксари мо ҷонибдори мазҳаби ҳанафӣ буда, ин мазҳаби таҳаммулпазирӣ аст, вале баъзе таҳқиқот гувоҳи онанд, ки ҷавонони тоҷик ба дигар мазҳабу динҳо на он қадр таҳаммулпазиранд», – таъкид дошт Бобохонов.

Ҳамчунин ӯ бо суол ба иштирокдорони мизи гирд муроҷиат кард, ки «чаро ҷавонони имрӯза ба равияҳои дигар таҳаммулнопазиранд?». «Шояд ин аз сатҳи пасти донишу фарҳанг ё аз он сабаб бошад, ки мо худамон динро ба хубӣ намедонему онро дуруст дарк намесозем ва то чӣ андоза ҳукумат барои мо намунаи таҳаммулпазирӣ шуда метавонад?», – гуфт ӯ.

Муовини раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Мавлон Мухторов иброз дошт, ки ахиран миёни аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ таҳаммулпазирӣ ба таври қобили мулоҳиза заъиф шудааст. «Ба гунаи мисол, дар Аврупо аъзои оила ҷонибдори равияҳои гуногуни динӣ буда, бо ҳам муросо мекунанд, вале мо ба намояндагони мазҳабҳои гуногуни ислом таҳаммулпазир буда наметавонем ва ҳатто дар масҷидҳо дар ин маврид баҳсҳо рӯйи кор меоянд», – изҳор кард номбурда.

Мухторов ҳамчунин зикр кард, ки Конститутсияи кишвар ва дигар асноди меъёрӣ аз таҳаммулпазирӣ ҷонибдорӣ намуда, аз ин рӯ, дар кишвар миёни намояндагони динҳои гуногун қариб мухолифате вуҷуд надорад. «Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мо мушкилоти таҳаммулнопазириро ҳаллу бартараф ва ба таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа таҳким бахшида метавонем», – афзуд номбурда.

Дар кори мизи гирд олимону коршиносони шинохтаи Тоҷикистон, намояндагони кумитаву ташкилотҳои марбутаи давлатӣ (Кумитаи ҷавонон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Донишгоҳи исломӣ, Маркази Исломшиносӣ, Институти фалсафаи Академияи

илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ғайра) ва ғайридавлатӣ иштирок доранд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур барои сохторҳои гуногуни ҷомеа бо мақсади роҳ надодан ба афзоиши тундгароӣ миёни ҷавонон тавсияҳо таҳия хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки чорабинӣ дар доираи лоиҳаҳои «Тоҷикистони таҳаммулпазир» ва «ВАО ҳамчун воситаи субот ва рушди ҳокимияти демократӣ дар Тоҷикистон» баргузор мешавад. Лоиҳаи аввал аз ҷониби NED (Фонди миллии дастгирии демократия) ва лоиҳаи дуюм аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Финландия маблағгузорӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.