Тақозои ташреҳи қазияи хабарнигори Озодӣ аз Ҳ.Зарифӣ

Date:


Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ташреҳи қазияи хабарнигори Озодӣ дар Душанбе Абдуқаюми Қаюмзодро тақозо кардаанд. 

Дар ин номаи муштарак 4 созмон – Иттиҳодияи хабарнигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои ВАО ва “Медиа-Алянс” аз оқои Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Қаюмзодро рӯшан кунад.

 Вазорати хориҷа дар моҳи декабр Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Радиои Озодӣ ин тасмими Душанберо ҳамла ба мустақилияташ номид. Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 барои Озодӣ гузориш медиҳад. Ӯ соли гузашта ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистонро ба даст овард ва аз сӯи нашрияи “Фараж”  “Журналисти сол” эълон шуд.

Рӯзи 23-юми январ радиои Озодӣ дар як баёния аз масдуд шудани сомонаҳои бахши тоҷикиаш дар Тоҷикистон ва

рад шудани

дархости тамдиди сабти номи хабарнигори бахши тоҷикӣ дар Душанбе Абдуқаюм Қаюмов хабар додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...