Пешниҳоди сохтмони МБГ ба чиниҳо дар заминаи конҳои ангишт

Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо Раиси Шурои Деректорони Ширкати ҶСК «Кайсун Майнинг Корпорейшн» Ҷаноби Чан Неп Ки Джозефа баргузор гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, зимни мулоқот нақшаҳо барои соли 2013, ҷалби бештари сармоя ба майдонҳои Миёнаду, Зиддӣ, Камароб ва […]


Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо Раиси Шурои Деректорони Ширкати ҶСК «Кайсун Майнинг Корпорейшн» Ҷаноби Чан Неп Ки Джозефа баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, зимни мулоқот нақшаҳо барои соли 2013, ҷалби бештари сармоя ба майдонҳои Миёнаду, Зиддӣ, Камароб ва сохтмони маркази барқу гармдиҳӣ дар заминаи конҳои ангишти ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон ширкати чинии ТВЕА дар шимоли Душанбе ба сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ машғул аст, ки пурра бо истифодаи ангишт кор хоҳад кард.

Мавриди истифода қарор гирифтани як агрегати Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 50 мВт тирамоҳи соли ҷорӣ дар назар аст. Иқтидори умумии Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» 200 Мвт-ро ташкил хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки татбиқи амалии лоиҳаи мазкур пас аз гуфтушуниди тӯлонӣ бо сармоягузорони Чин моҳи сентябри соли гузашта оғоз гардида, ҷиҳати дар ҳаҷми баробар сармоягузорӣ намудани лоиҳаи мазкур аз ҷониби ду бонки чинӣ «Эксимбонк» ва Бонки рушди Чин мувофиқа ҳосил шуд. Ин марказ пурра бо истифода аз ангишти маҳаллӣ фаъолият хоҳад кард.

ТBEA яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи таҷҳизоти электротехникӣ дар ҷаҳон ва трансформаторҳо дар Чин мебошад. Маҳсулоти ширкат ба беш аз 70 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Канада ва Ҷопон содирот мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.