Баррасии лоиҳаи таҷдиди сохтори ширкати ТАЛКО

Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки «имсол лоиҳаи таҷдиди сохтори ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) таҳия шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардидааст». Ба қавли вай, нақша ҳанӯз аз ҷониби ҳукумат тасдиқ нагардида, таҷдиди сохтори ширкат бояд соли равон […]


Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки «имсол лоиҳаи таҷдиди сохтори ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) таҳия шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардидааст».

Ба қавли вай, нақша ҳанӯз аз ҷониби ҳукумат тасдиқ нагардида, таҷдиди сохтори ширкат бояд соли равон оғоз ва соли 2015 аба анҷом расад. Марҳилаи охири таҷдиди сохтори ширкат табдили Корхонаи воҳиди давлатии «ТАЛКО» ба Ҷамъияти саҳҳомии кушода бо 100%-и саҳми давлат аст.

Саидов тавзеҳ дод, ки дар доираи ин тарҳ зерсохторҳои дуюмдараҷаю ғайриистеҳсолии ТАЛКО мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, дар заминаи онҳо корхонаҳои алоҳида бунёд мегарданд.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ мақсад аз ин иқдомро беҳтар кардани вазъи молии ТАЛКО унвон кард. Ӯ дар мавриди дурнамои хусусӣ шудани ин корхона илова намуд, ки то ҳол ҳукумат дар ин бора қароре содир накардааст. ТАЛКО – калонтарин корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон буда, алюминии аввалияро тавлид ва содир мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.