Тақозои ташреҳи қазияи хабарнигори Озодӣ аз Ҳ.Зарифӣ

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ташреҳи қазияи хабарнигори Озодӣ дар Душанбе Абдуқаюми Қаюмзодро тақозо кардаанд.  Дар ин номаи муштарак 4 созмон – Иттиҳодияи хабарнигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои ВАО ва “Медиа-Алянс” аз оқои Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Қаюмзодро рӯшан кунад.  Вазорати хориҷа дар моҳи декабр Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ […]

Радио «Озодӣ»


Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ташреҳи қазияи хабарнигори Озодӣ дар Душанбе Абдуқаюми Қаюмзодро тақозо кардаанд. 

Дар ин номаи муштарак 4 созмон – Иттиҳодияи хабарнигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои ВАО ва “Медиа-Алянс” аз оқои Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Қаюмзодро рӯшан кунад.

 Вазорати хориҷа дар моҳи декабр Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Радиои Озодӣ ин тасмими Душанберо ҳамла ба мустақилияташ номид. Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 барои Озодӣ гузориш медиҳад. Ӯ соли гузашта ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистонро ба даст овард ва аз сӯи нашрияи “Фараж”  “Журналисти сол” эълон шуд.

Рӯзи 23-юми январ радиои Озодӣ дар як баёния аз масдуд шудани сомонаҳои бахши тоҷикиаш дар Тоҷикистон ва

рад шудани

дархости тамдиди сабти номи хабарнигори бахши тоҷикӣ дар Душанбе Абдуқаюм Қаюмов хабар додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.