АНМН: Ба нашъаҷаллобӣ асосан бекорон машғуланд

Date:


Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Бунафша Одинаева зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта аз ҷониби тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ 5 тоннаву 978 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Ба қавли вай, соли2012 ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда аз ҷониби кормандони Агентӣ ба андозаи 41% афзудааст.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки соли гузашта панҷ нафар кормандони Агентӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.

Бунафша Одинаева изҳор кард, ки 92,2%-и боздоштшудагон (858 нафар) барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро афроди муваққатан бекор, 7% (70 нафар)-ро шахсони коргар ва 0,8% ё худ 8 нафарро донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки аз шумори умумии ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир дар соли гузашта 39% ба сокинони Душанбе, 31% – ба сокинони вилояти Суғд, 18% – ба сокинони вилояти Хатлон, 9% – ба НТМ ва 3% – ба ВМКБ рост меояд. Соли сипаришуда дар хориҷи кишвар барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 297 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ боздошт шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...