Умедвории «Барқи тоҷик» ба бозбинии масъалаи пардохти қарзҳо ба Сангтӯда-1

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар масъалаи бозбинии пардохти қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик» ба ҶСК «Сангтӯда-1» мувофиқа ҳосил намояд. Зимни нишасти матбуотӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров изҳор намуд, ки моҳи феврали соли равон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардида, зимни он аз ҳал шудани мушкилоти зиёде, аз […]


Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар масъалаи бозбинии пардохти қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик» ба ҶСК «Сангтӯда-1» мувофиқа ҳосил намояд.

Зимни нишасти матбуотӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров изҳор намуд, ки моҳи феврали соли равон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардида, зимни он аз ҳал шудани мушкилоти зиёде, аз ҷумла масъалаи пардохти қарзи ширкат ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 низ интизорӣ меравад.

Ёров зикр намуд, ки ба санаи 1-уми январи соли равон қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳ 320,7 млн. сомониро ташкил медиҳад. «Қаблан мо роҷеъ ба бекор шудани қарз сухан мегуфтем, акнун ба Русия бозбинии тарзи пардохти онро пешниҳод намуда, умедворем, ки дар таҳияи ҷадвали нави пардохти қарзҳо ҳарду ҷониб ба мувофиқа мерасанд», – иброз дошт вай.

Раиси ширкат ҳамчунин зикр кард, ки мувофиқи қарордод тарофаҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳамасола ба андозаи 4% зиёд шуда, тарофаҳои ширкат барои истеъмолгарон бошанд, нисбатан пасттаранд ва ин яке аз сабабҳои аслии ҷамъ шудани қарз аст. «Барои 1 кВт/соат мо ба нерӯгоҳ 2,25 сент (11,8 дирам) пардохт мекунем ва ин дар ҳолест, ки таhофаи дохилии ширкат 8,6 дирам барои 1 кВтсоатро ташкил медиҳад», – гуфт номбурда.

Ба қавли Ёров, мушкилоти дигари ба ин андозаи бузург ҷмъ шудани қарз аз ҷониби истеъмолгарон пардохт нашудани маблағи истифодаи барқ ба ширкат аст, ки айни замон дар маҷмӯъ қариб 715 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Дар робита ба аз ҷониби нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» гунаҳкор кардани ширкат дар мавриди

муносибати якхела надоштан ба нерӯгоҳҳои кишвар

, Ёров зикр кард, ки «Барқи тоҷик» ба ҳамаи нерӯгоҳҳо муносибати ягона дорад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...