Суд узрпурсии раиси ҲНИТ-ро талаб кард

Раиси Ҳизби наҳзати ислромии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бояд тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдории пойтахт узр бипурсад. Дар ҷаласаи рӯзи 29-уми январ оид ба ин қазия суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт чунин ҳукм содир намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари раиси ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров иттилоъ дод, ҳамчунин суд даъвои муқобили даъвои сиёсатмадор […]


Раиси Ҳизби наҳзати ислромии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бояд тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдории пойтахт узр бипурсад. Дар ҷаласаи рӯзи 29-уми январ оид ба ин қазия суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт чунин ҳукм содир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари раиси ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров иттилоъ дод, ҳамчунин суд даъвои муқобили даъвои сиёсатмадор нисбати мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомониро низ рад кардааст.

«Барои аксарият қарори суд ғайричашмдошт буда, мо аз болои он ба зинаҳои болоии судӣ шикоят хоҳем бурд», – зикр кард Ёров.

Ёдрас мекунем, ки ахири соли гузашта зимни вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Хуҷанд раиси ҲНИТ дар робита ба баҳси додгоҳӣ бо мақомоти шаҳрдории пойтахт изҳор намуда буд, ки ӯ ба созиш омода аст.

Адвокати раиси ҲНИТ Бузаргмеҳр Ёров гуфта буд, мақомоти шаҳрдорӣ пешниҳоди созишро қабул накарда, дар натиҷа М.Кабирӣ маҷбур шуд даъвои ҷавобӣ пеш оварда, 20 млн. сомонӣ товони зарари маънавӣ талаб кунад.

Нимаи дуюми моҳи ноябр мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба

интиқоди ӯ аз буридани дарахтон

дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво пеш овард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.