Пешниҳоди вусъат бахшидани корҳо дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ба олмониҳо

Date:


Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Ҷумҳурии Федаративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти вазорат, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, дар соҳаи энергетика ва саноат, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқиву обӣ, имконияти таъсиси корхонаи муштарак барои истеҳсоли батареяҳои офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, СASA-1000, соҳаи нассоҷӣ, коркарди мева ва сабзавот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон вусъат бахшидани корҳоро дар самти вобаста ба сохтмони НБО-хурди Оқ-Су -1 ва Оқ-Су-2 дар ноҳияи Мурғоб таъкид намуда, ҷалби сармоягузорони олмониро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. Тавре маълум аст, таҷдид ва сохтмони НБО-и хурди Оқ-Су бо ҷалби маблағҳои грантии Олмон дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2012, Ширкати «Фихтнер» -и Ҷумҳурии Федератсияи Олмон ҳисоботу пешакиро оид ба «Асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони НБО-и худ дар маркази ноҳияи Мурғоб» ба анҷом расонида, хулосаи худро ба ширкати Помир Энерҷи пешниҳод намудааст. Мувофиқи ин лоиҳа варианти сохтмони НБО-и хурд азнавсозии НБО-и куҳна «Оқ-Су-1» 800 кВт, Сохтмони НБО-и нав бо обанбораш «Оқ-Су 2» 1000 кВт ба нақша гирифта шудааст.

Ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...