Вохӯрии дипломати тоҷик бо мудири кулли ЮНЕСКО

Дар шаҳри Париж мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Рустамҷон Солиев бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова баргузор гардид. Бино ба маълумоти департаменти иттилоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм муҳокима намуданд. Тарафҳо ба […]


Дар шаҳри Париж мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Рустамҷон Солиев бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм муҳокима намуданд.

Тарафҳо ба раванди густариши равобити дуҷониба дар ҳошияи барномаҳои кунунии ҳамкорӣ баҳои мусбат доданд.

Сафир дар бораи ташаббусҳои Тоҷикистон, ки ба истифодабарии оқилона ва самараноки захираҳои об нигаронида шудаанд, муфассал маълумот дод.

Дар рафти гуфтушунид оид ба иштироки фаъоли Тоҷикистон дар маросими муаррифии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки 11 феврали соли 2013 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор мегардад, роҷеъ ба гузаронидани Конфронси Душанбе оид ба масъалаҳои об дар моҳи августи соли равон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид табодули назар сурат гирифт.

Сипас ҷонибҳо вазъи амнияти минтақавӣ, аз ҷумла, масъалаҳои дастрасӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии онро матраҳ карданд.

 Мудири кулли ЮНЕСКО нақши муҳими Тоҷикистонро дар дастрасӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи истифодабарии самараноки захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон баланд арзёбӣ намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.