Президенти Озарбойҷон сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Чанде қабл сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Зоҳир Саидов Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев супорид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Президенти Озарбойҷон аз ҳолати кунунии муносибатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Озарбойҷон дар самтҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ кард. Илҳом Алиев аз сафари расмии Президенти […]


Чанде қабл сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Зоҳир Саидов Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев супорид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Президенти Озарбойҷон аз ҳолати кунунии муносибатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Озарбойҷон дар самтҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ кард.

Илҳом Алиев аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (июли соли 2012) ба ш. Боку ёдовар шуда, иброз дошт, ки Озарбойҷон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯст ва шарики боэътимод мешиносад. Дар ин росто ӯ боз як бори дигар омодагии хешро ҷиҳати рушди муносибатҳои судманд бо кишвари бародар қайд намуд.

Дар рафти мулоқот татбиқи амалии санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки моҳи июли соли равон зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Боку ба имзо расида буд, мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва саноат, хусусан дар самти транзити байналмилалӣ тавассути роҳҳои обӣ ва оҳани Озарбойҷон ва истихроҷу коркарди нафту газ рушди бесобиқа пайдо мекунад.

Ҳамчунин масъалаҳои дигар, аз ҷумла, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва барқарор намудани хатсайри Душанбе-Боку мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд.

Сафир азми устувори худро барои саҳмгузорӣ дар густариши ҳамкориҳо ва татбиқи нақшаҳои судбахши ду кишвари дӯст таъкид сохт.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Оламгир Бобур ҷиҳати супоридани нусхаи Эътимоднома вохӯрӣ анҷом дод.

 Оламгир Бобур Сафири Тоҷикистон Ш. Ҷононовро бо таъин гардиданаш ба ин вазифаи баланд табрик намуд.

 Дар навбати худ Сафир ҳамсӯҳбати хешро бовар кунонид, ки баҳри таҳкиму тавсеа ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Покистон тамоми кӯшишҳои хешро ба харҷ хоҳад дод.

 Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд. Аз ҳар ду ҷониб оид ба рушди бемайлони ҳамкории шарикӣ байни Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ изҳор гардида, саъйи ҳар ду ҷониб ба густариши муколамаи сиёсӣ, такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дар соҳаи нақлиёт таъкид карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.