Сафорати ИМА ба АНМН воситаҳои нави техникӣ супурд

Чанде қабл сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба Агентии назорати маводи нашъаовар маҷмӯъи воситаҳои техникии тақвияти нерӯи мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ супурд. Тавре аз Агентии мазкур иттилох доданд, директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо изҳори миннтадорӣ ба ҷониби Амрико барои дастгирии техникӣ аз  ҳамкориҳо миёни АНМН ва Сафорати ИМА дар самти муқобилият бо […]


Чанде қабл сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба Агентии назорати маводи нашъаовар маҷмӯъи воситаҳои техникии тақвияти нерӯи мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ супурд.

Тавре аз Агентии мазкур иттилох доданд, директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо изҳори миннтадорӣ ба ҷониби Амрико барои дастгирии техникӣ аз  ҳамкориҳо миёни АНМН ва Сафорати ИМА дар самти муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ситоиш кард ва ба он баҳои баланд дод.  

Директори минтақавии барномаи мубориза бо маводи нашъаовари Фармондеҳии ИМА ҷаноби Ҷонн Повелонет, ки дар ин маросим ҳузур дошт,  изҳори умед намуд, ки таҷҳизоти техникии ироашуда аз ҷониби Агентӣ ҳадафнок истифода мешавад ва барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти воҳидҳои оперативӣ, ҳамчунин шӯъбаҳои нав созмонмеёфта мусоидат мекунад. 

Маврид ба таъкид аст, ки техникаи супурдашуда дар навбати аввал барои воҳидҳои нави Агентӣ ва шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ҷиргатол, ки қарор аст соли 2013 сохта шаванд, истифода хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.