Мулоқоти сафири ҶТ бо макомоти раҳбарии вилояти Волгоград

Ахири ҳафтаи сипаригашта сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо муовини раиси ҳукумати вилояти Волгоград Юрий Сизов мулоқот анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, зимни мулоқот дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 70-уми солгарди ғалабаи аскарони шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград зикр гардида, […]


Ахири ҳафтаи сипаригашта сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо муовини раиси ҳукумати вилояти Волгоград Юрий Сизов мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, зимни мулоқот дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 70-уми солгарди ғалабаи аскарони шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград зикр гардида, сафири Тоҷикистон аз зикри саҳми фарзандони тоҷик дар ин ғалаба, аз ҷумла Аҳмад Турдиев изҳори ифтихор намуд.

Дар навбати худ Юрий Сизов ба А.Достиев дар бораи вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави вилояти Волгоград маълумот дода, аз фаъолияти ҷамъияти тоҷикон дар ин вилоят таҳти роҳбарии Саидаҳмад Маҳмадов изҳори қаноатмандӣ кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи сафар ба вилояти Волгоград сафир ҳамчунин бо ҳамватанони муқими инҷо мулоқот ороста, бо мушкилоти онҳо аз наздик ошно гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.