Муҷозоти сардори бахши БДА тавассути занг ба телефони боварӣ

Соли дуввум аст, ки телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ бо рақамҳои 221-21-21 амал мекунад, ки он дар байни аҳолӣ сазовори бовариву эътимод гардида, шаҳрвандон оиди мушкилоташон, ки аксаран дар маҳалҳо ҳалли худро намеёбад, тавассути он муроҷиат менамоянд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар моҳи аввали соли равон низ беш аз 46 арзу шикоят […]

ASIA-Plus


Соли дуввум аст, ки телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ бо рақамҳои 221-21-21 амал мекунад, ки он дар байни аҳолӣ сазовори бовариву эътимод гардида, шаҳрвандон оиди мушкилоташон, ки аксаран дар маҳалҳо ҳалли худро намеёбад, тавассути он муроҷиат менамоянд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар моҳи аввали соли равон низ беш аз 46 арзу шикоят ва дархости мардум ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Чун ҳамешагӣ арзу шикояти шаҳрвандон гуногун буда, оиди содиршавии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ буданд ва онҳо дар рафъи як қатор камбудиву норасогиҳо, ошкори ҷинояту қоидавайронкуниҳо мусоидат намуданд.

Аз ҷумла, шаҳрванд Баҳодур Қурбонхолов сокини кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки ӯро шахси номаълум мавриди латукуб қарор дода, ба ӯ зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Ин ҷиноят аз тарафи кормандони фаврии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт саривақт ошкор карда шуда, барои содир намудани ҷинояти мазкур сокини пойтахт, шаҳрванд Тоҳир Юнусови 25-сола дастгир карда шудааст. Нисбати ин шахс маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, дар Шӯъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамчунин шаҳрванд Парвиз Шарифов нисбати муносибати дағалонаи сардори бахши бозрасии давлатии автомобилии ШВКД дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон майори милитсия Баҳодур Ҷононов ба телефонӣ боварӣ занг задаааст, ки он низ саривақт мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Дар рафти санҷиш муайян гардидааст, ки дар ҳақиқат майори милитсия Баҳодур Ҷононов муносибати ғайринизомӣ намуда, шаҳрванд Шарифов Парвизро дар асоси қисми 1 моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи ду нишондод ҷарима намудааст.

Аз ин рӯ майори милитсия Ҷононов Баҳодур барои дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаи хизматӣ ва муносибати ғайриоинномавиаш ба ҷазои интизомӣ ҷалб карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.