Қадрдонии «Камолот-1» бо Ҷоизаи байнулмилалии Габриел ал- Салем

Санаи 1-уми феврал дар Қирғизистон Конфронси дуюми байнулмилалии «Консалтинг бидуни марз» (Консалтинг без границ) баргузор шуд, ки дар он гурӯҳи консалтингии «Камолот 1» ҳамчун дорандаи мақоми 1-уми дар номинатсияи «Лоиҳаи консалтингии сол» дар соли 2012 лоиҳаи худро муаррифӣ намуд. Дар зиёфати шомгоҳӣ пас аз конфронс маросими супурдани Ҷоизахои ба номи Габриэл ал-Салем аз рӯи 5 […]


Санаи 1-уми феврал дар Қирғизистон Конфронси дуюми байнулмилалии «Консалтинг бидуни марз» (Консалтинг без границ) баргузор шуд, ки дар он гурӯҳи консалтингии «Камолот 1» ҳамчун дорандаи мақоми 1-уми дар номинатсияи «Лоиҳаи консалтингии сол» дар соли 2012 лоиҳаи худро муаррифӣ намуд.

Дар зиёфати шомгоҳӣ пас аз конфронс маросими супурдани Ҷоизахои ба номи Габриэл ал-Салем аз рӯи 5 номинатсия – «Лоиҳаи консалтингии сол», «Мушовири сол», «Барои саҳми назаррас дар рушди консалтинг», «Консалтинг бидуни марз» ва «Ассотсиатсияи беҳтарини дар ҳоли рушд қарордоштаи мушовирон» доир гардид. Соли равон ширкати «Камолот 1» дар номинатсияи «Консалтинг бидуни марз» ба мақоми дуюм шарафёб гардид.

Дар фарҷоми зиёфати шомгоҳӣ ҳайати Тоҷикистон ба ҳозирин видеоролик дар бораи Тоҷикистон, намоишҳои сарлибоси миллии тоҷикиро пещкаш намуда, суруди «Гулдухтарони тоҷик»-ро ба самъи ҳозирин расонид.

Ҷоизаи байнулмилалии ба номи Габриэл ал-Салем ҷоизаи мустақил буда, барои дастовардҳои мумтоз дар соҳаи консалтинги мудирият эъто мегардад. Ҳадаф аз таъсиси ин ҷоиза мусоидат ба иҷрои меъёрҳои касбӣ ва ахлоқӣ аз ҷониби ширкатҳои консалтингӣ, пешбурди касби мушовирӣ дар ҷомеа, беҳсозии фазои тиҷоратӣ ва дар маҷмӯъ, мусоидат ба рушди иқтисоди бозорӣ мебошад.

Ширкати консалтингии «Камолот 1» ба корхонаву ширкатҳо дар ҷиҳати татбиқи усулҳои замонавии мудирият мусоидат менамояд. Ин усулҳо ба ҳадафҳои стротежӣ ва вижагиҳои корхонаҳои муштарӣ мутобиқ гардонида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.