Депутат: Ба муомила баровардани тангаҳои 1 ва 2 дирама мантиқӣ нест

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, узви Кумитаи парлумон оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талабаков дар робита ба аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон аз аввали моҳи феврал ба муомилот баровардани тангаҳои арзишашон 1 ва дирам изҳор намуд, ки ин амал аз мантиқ дур аст. Ба эътиқоди вакил, ҳама гуна […]


Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, узви Кумитаи парлумон оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талабаков дар робита ба аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон аз аввали моҳи феврал

ба муомилот баровардани тангаҳои арзишашон 1 ва дирам

изҳор намуд, ки ин амал аз мантиқ дур аст.

Ба эътиқоди вакил, ҳама гуна тангаи ба муомилот бароварда бояд хароҷот барои истеҳсоли онро пӯшонад, аммо тангаҳои арзишашон 1 ва 2 дирам ба ин талабот ҷавобгӯ нестанд.

«Ғайр аз ин, ба ҳама маълум аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон бо ин тангаҳо чизе харида наметавонӣ ва шаҳрвандони мо аксаран дар мағозаву бозор ва нақлиёт ҳатто бақияи 20-40 дирамии худро бозпас гирифта наметавонанд. Дар ин ҳолат ба муомилот баровардани ин тангаҳоро ба ҳеҷ гунае наметавон шарҳ дод», – таъкид кард Талбаков.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ин тангаҳо дар Қазоқистон истеҳсол шуда, теъдоди истеҳсоли онҳо сирри бонкӣ аст. Тангаҳои номбурда дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006 ва 2011, ки айни замон дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.