Ҳалокати 4 нафар аъзои як оила дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаҳои нақлиёт, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта рух доданд, шаш нафар ҷони худро аз даст доданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни як садама ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота», сокини 32-солаи ноҳияи Румии вилояти Хатлон Қутбиддин Холов зимни ҳаракат дар роҳи мошингардид Душанбе-Қӯрғонтеппа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар деҳаи Чимбулоқи […]


Бар асари садамаҳои нақлиёт, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта рух доданд, шаш нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни як садама ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота», сокини 32-солаи ноҳияи Румии вилояти Хатлон Қутбиддин Холов зимни ҳаракат дар роҳи мошингардид Душанбе-Қӯрғонтеппа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар деҳаи Чимбулоқи ноҳияи Хуросон ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи «ДЭУ»-и таҳти идораи сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳибулло Юсуфов бармехӯрад. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «ДЭУ» ва мусофирони он – модар, падар ва хоҳари ронанда ба ҳалокат расидаанд.

Худи ҳамон рӯз ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Алишери Навоии пойтахт сокини шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» Қурбоншоҳ Сафаралӣ Ҳикматулло Норови 60-соларо бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Рӯдакӣ, ки аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри», сокини 60-солаи пойтахт Мирзоумед Пираков содир шуд, мусофири он – Исматулло Саидови 53-сола ба ҳалокат расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.