Омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии Сочи

Date:


Аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои омодагии ду нафар варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои литсензионӣ – яке Андрей Дригин ва дигаре Соҳибназари Турсунмурод идрорпулии олимпӣ (стипендия) ҷудо мегардад.

Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, ин маблағ баҳри омодагии ин ду варзишгар ба Бозиҳои олимпии зимистонаи Сочӣ дар соли 2014 маҳсуб ёфта  давоми як сол тӯл мекашад.

Бояд тазаккур дод, ки Андрей Дригин  борҳо шарафи кишвари моро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд ва аз ин қабл дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Ванкувер ширкат намуда буд. 

Соҳибназари Турсунмурод бошад 17-сол дошта, дар Бозиҳои зимистонаи Эрон, Қазоқистон ва чанде дигар мусобиқаҳо ширкат намуда, чемпиони Тоҷикистон оид ба лижаронӣ мебошад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...