Роҳандозии ҳамкорӣ бо Намоишгоҳи байнулмилалии китоби Франкфурт

Date:


Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо муовини президенти Намоишгоҳи байналмилалии китоби Франкфурт Тобиас Фосс ва роҳбари бахши ташкилии ин идора хонум Купска мулоқот доир намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат сафири Тоҷикистон оид ба вазъи табъу нашри китобҳо, дастовардҳои илмиву фарҳангӣ баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ҳамкориҳои муваффақонаи фарҳангии Тоҷикистону Олмон мухтасар иттилоъ дод.

Т. Фосс қайд кард, ки Намоишгоҳи китоби Франкфурт (Frankfurter Buchmesse) яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои китоби байналмилалӣ маҳсуб ёфта, ҳар сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 7400 нашриёту чопхонаҳо аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Иштирок дар ин намоишгоҳ ба ширкаткунандагон ҷиҳати муаррифии китобҳо, ба роҳ мондани робитаҳои корӣ бо ширкатҳои нашр ва паҳнкунандаи китобу маҷаллаҳо, корхонаҳои истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои муосири чопкунӣ, табодули малака бо мутахассисони соҳа, инчунин муаррифии дастовардҳои илмиву фарҳангии кишварҳо имкониятҳои беҳтаринро фароҳам меоварад.

 Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ бо ин Намоишгоҳи байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...