Оғози парвандаи ҷиноӣ пас аз нашри мавод дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс»

Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон пас аз баррасии далели қонуншиканиҳо нисбати мусофирон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ки дар мавриди он дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс» таҳти унвони «Соҳибкорон дар фурудгоҳи Душанбе» мавод ба табъ расид, парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз прокуратураи нақлиёт дар ин робита хабар доданд, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели фиреб ҳангоми рӯйпеч […]

ASIA-Plus


Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон пас аз баррасии далели қонуншиканиҳо нисбати мусофирон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ки дар мавриди он дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс» таҳти унвони «Соҳибкорон дар фурудгоҳи Душанбе» мавод ба табъ расид, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз прокуратураи нақлиёт дар ин робита хабар доданд, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели фиреб ҳангоми рӯйпеч намудани бағочи мусофирон боз шудааст.

Ҳамчунин раҳбарияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба идораи ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки шартномааш бо ширкати «Сорбони умед»-ро, ки шурӯъ аз соли гузашта ин ҷониб ба рӯйпеч намудани бағочи мусофирон машғул буд, бекор кардааст.

Дар номаи расмӣ таҳти имзои раҳбари фурудгоҳ Рустам Холиқов зикр мегардад, ки аз оғози фаъолияти ширкати «Сорбони умед» дар толори бақайдгирии фурудгоҳ, борҳо даъвоҳои шифоҳии мусофирон оид ба қонуншикании кормандони марбут ба рӯйпеч кардани бағочи мусофирон ҷой доштаанд, аммо сарфи назар аз огаҳии чандинкаратаи раҳбарияти фурудгоҳ, кормандони ширкат амалашонро идома додаанд. Зимнан зикр мегардад, ки аз натоиҷи тафтишот иловатан хабар дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.