Ҳайати дастаи «Хуҷанд» пурзӯр мешавад

Клуби футболи «Хуҷанд», ки раҳбарии онро чанде қабл муррабии тими ҷавонони Тоҷикистон Мубин Эргашев ба уҳда гирифт, ҳайати дастаро пурзӯр карданист. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати даста бозингарони тими миллии Тоҷикистон – ҳамлагар Юсуф Рабиев ва нимҳимоятгар Маҳмадалӣ Содиқов, ки қаблан дар ҳайати тими «Истиқлол»-и  пойтахт ҳунарнамоӣ карда, ду маротиба […]

ASIA-Plus


Клуби футболи «Хуҷанд», ки раҳбарии онро чанде қабл муррабии тими ҷавонони Тоҷикистон Мубин Эргашев ба уҳда гирифт, ҳайати дастаро пурзӯр карданист.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати даста бозингарони тими миллии Тоҷикистон – ҳамлагар Юсуф Рабиев ва нимҳимоятгар Маҳмадалӣ Содиқов, ки қаблан дар ҳайати тими «Истиқлол»-и  пойтахт ҳунарнамоӣ карда, ду маротиба бо ин даста ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб шуданд, даъват шудаанд.

Мубин Эргашев ба дастаи нави худ инчунин бозингарони «Вахш»-и Қӯрғонтеппа – ҳимоятгарон Сиёвуш Асроров ва Сергей Абрамов, нимҳимоятгар Ҷамолиддин Зардиевро низ даъват намудааст. Ҳамаи ин се бозигарон чанде қабл таҳти раҳбарии Эргашев дар ҳайати тими ҷавонони Тоҷикистон барои Ҷоми Иттиҳод дар Санкт-Петербург бозӣ карданд, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон ҷои 8-умро ишғол намуд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.