Ҳавопаймои садамавии «Тоҷик Эйр» бехавф фуруд омад

Пас аз гардиши сесоата дар фазои шаҳри Душанбе бар асари нуқсони техникӣ ҳавопаймои Boeing-737-300-и ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» муваффақона ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад. Бино ба маълумоти ширкати ҳавопаймоии мазкур, ҳавопаймо соати 20 бо вақти маҳаллӣ ба Маскав роҳ пеш гирифта, пас аз якуним соати аллакай дар фазои Ӯзбекистон қарор доштан сардори ҳайати […]

ASIA-Plus


Пас аз гардиши сесоата дар фазои шаҳри Душанбе бар асари нуқсони техникӣ ҳавопаймои Boeing-737-300-и ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» муваффақона ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад.

Бино ба маълумоти ширкати ҳавопаймоии мазкур, ҳавопаймо соати 20 бо вақти маҳаллӣ ба Маскав роҳ пеш гирифта, пас аз якуним соати аллакай дар фазои Ӯзбекистон қарор доштан сардори ҳайати кормандони ҳавопаймо хабар медиҳанд, ки дар он нуқсонҳои фаннӣ пайдо шудаанд. Аз фурудгоҳи Душанбе тавсия медиҳанд, ки ба фурудгоҳи таъинот – «Домодедеово»-и Маскав фуруд оянд, вале ҳайати кормандон тасмим мегиранд, ки ба фурудгоҳи Душанбе бармегарданд.

Дар ҳавопаймо 141 нафар (135 нафар мусофирон ва 6 нафар узви ҳайати кормандони ҳавопаймо) қарор доштаанд.

Аз ҷузъиёти бештари ин масъала имрӯз зимни нишасти хабарӣ мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабар хоҳанд дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.