Муҷозоти гумонбар дар парвандаи маҳбуси ҳалокшуда Б.Шодиев

Бо ҳукми суд собиқ муфтаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдураҳмон Додов ба хунукназарӣ  зоҳир намудан, ки ба марги маҳбус Баҳромиддини Шодиев боис гардид, гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 2 соли зиндон бо адои ҷазо дар муассисаи сукунат маҳкум карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, […]

ASIA-Plus


Бо ҳукми суд собиқ муфтаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдураҳмон Додов ба хунукназарӣ  зоҳир намудан, ки ба марги маҳбус Баҳромиддини Шодиев боис гардид, гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 2 соли зиндон бо адои ҷазо дар муассисаи сукунат маҳкум карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, онҳо комилан бо ҳукм розӣ набуда, бо дастрасии нусхаи он дарҳол ба зинаи кассатсионӣ аз болои он шикоят хоҳанд бурд. Гузашта аз ин, ҳимоятгар ҳукми судро «беаос ва ғайриқонунӣ» арзёбӣ намуд.

«Аз аввал муайян кардани аломатҳои ҷиноят нисбат ба маҳкумшуда нодуруст буд. Ғайр аз ин, ду нафар корманди фаврӣ, ки нисбаташон дар бораи қатъи парвандаи ҷиноӣ бинобар сабаби ҷой надоштани ҷиноят дар амалҳои онҳо қарор қабул шуда буд, беҷазо монданд», – иброз дошт вай.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябри соли гузашта баррасии парванда оид ба марги сокини 28-солаи пойтахт Баҳромиддин Шодиев, ки пас аз пурсиш дар Шуъбаи ВКД –и ноҳияи Шоҳмансур ба ҳалокат расида буд,

дубора оғоз гардид.

Парвандаи мазкур тӯли 9 моҳ мавриди тафтиши иловагӣ қарор дошт.

Гумонбаршуда ба содир намудани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-сола дар ҳолати вазнин аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ба Маркази миллии тиббӣ интиқол дода шуд ва пас аз 10 рӯз ба ҳалокат расид.

Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Гумонбаршуда баъди аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид. Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканда, ба ҳалокат расидааст.

Тибқи фарзияи дигар, ки аз ҷониби хешовандони фавтида садо дод, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.