Дархости Русия ҷиҳати сафарбарии беш аз ҳазорҳо нафар муҳоҷирони корӣ

Ба унвони роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Асрор Одинаев аз мақомоти раҳбарии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и вилояти Волгоград ҷиҳати ниёз доштан ба кормандони бахши кишоварзӣ дархости расмӣ расидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, хоҷагии деҳқонии вилояти Волгоград ҷиҳати мусоидат ба сафарбар намудани як […]

Аваз Юлдошев


Ба унвони роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Асрор Одинаев аз мақомоти раҳбарии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и вилояти Волгоград ҷиҳати ниёз доштан ба кормандони бахши кишоварзӣ дархости расмӣ расидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, хоҷагии деҳқонии вилояти Волгоград ҷиҳати мусоидат ба сафарбар намудани як гурӯҳ коргарон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сифати механизаторон ва коргарони ёрирасон дархост намуда, пардохти маблағи сафар ба Русия ва таъмини коргарон бо манзили зисту маводи ғизоиро кафолат додааст.

«Ба намояндагӣ аз вилояти Тамбов ва як қатор ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав низ ба ин монанд дархостҳо ворид гардида, шурӯъ аз оғози сол бошад, аз субъектҳои хоҷагидории Русия ҷиҳати ниёз доштан ба ҳазорон нафар коргарони касбҳои гуногун дархостномаҳо расидаанд», – зикр кард манбаъ.

Ба қавли Аҳмадов, шаҳрвандоне , ки хоҳиши дар Русия кор карданро доранд, барои дастрас кардани маълумоти муфассал дар ин хусус, метавонанд ба Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ муроҷиат намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.