Оғози маъракаи интихоботи президентӣ дар Арманистон

Имрӯз дар Арманистон маъракаи интихоботи президентӣ доир мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намояндагони Тоҷикистон – раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ ва экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон Саидбой Зокиров ва узви ин комиссия Нурулло Маҳмадуллоев ба […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Арманистон маъракаи интихоботи президентӣ доир мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намояндагони Тоҷикистон – раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ ва экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон Саидбой Зокиров ва узви ин комиссия Нурулло Маҳмадуллоев ба сифати нозирон дар ин маъракаи интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт.

 Ба ҳайати маъмурияти нозирон аз кишварҳои ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти Арманистон 212 нафар нозирон шомиланд.. Расонаҳои хабарии Арманистон иттилоъ медиҳанд, ки дар рӯзи интихобот ноззирони ИДМ дар ҳамаи 41 ҳавзаи интихоботӣ рафти интихоботро мавриди назорат қарор медиханд. Хулосаҳои худро дар мавриди натоиҷи назорат, маъмурият дар нишасти матбуоти, ки 19-уми феврал ба нақша гирифта шудааст, эълон медорад.

Ба ишғоли курсии сарвари давлати Арманистон 8 нафар номзадон сабти ном шудаанд. Тибқи назарсанҷиҳо, президенти амалкунандаи Арманистон Серж Саргсян метавонад аз 68,6 то 72%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст орад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.