Ширкати Аҳмадинажод дар маросими ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар назар аст, ширкат хоҳад варзид. Дар ин бора IRIB World Service бо истинод ба вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯ хабар медиҳад. Ёдрас мекунем, ки 5-уми сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар назар аст, ширкат хоҳад варзид. Дар ин бора IRIB World Service бо истинод ба вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯ хабар медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки 5-уми сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати авали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» доир гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз гардида, минбаъд иҷрои корҳо дар он ба иллати камбуди маблағ ва ҳамчунин оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боздошта шуда буданд ва сипас соли 2006 бо дастгирии Эрон ба иҷрои корҳои насбу сохтмон дар он идома бахшида шуд.

Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.