Тоҷикистон барои истирдоди Абдуллоҷонов дархост фиристод

Прокуратураи генералии ҶТ ҷиҳати ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурдани собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳамтоҳои украинии худ дархост ирсол намуд. Дар Тоҷикистон А.Абдуллоҷонов дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали Прокурори генералии ҶТ Абдуқодир Муҳаммадиев хабар дода, аз ифшои моддаҳои айбномаи […]

Наргис Ҳамробоева


Прокуратураи генералии ҶТ ҷиҳати ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурдани собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳамтоҳои украинии худ дархост ирсол намуд.

Дар Тоҷикистон А.Абдуллоҷонов дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали Прокурори генералии ҶТ Абдуқодир Муҳаммадиев хабар дода, аз ифшои моддаҳои айбномаи ба боздоштшуда пешниҳодгардида худдорӣ намуд.

Ба қавли вай, мувофиқи асноди меъёрии амалкунанда, дар сурати ҳалли мусбати масъала, истирдод бояд дар давоми 45 рӯз анҷом бипазирад. «Айни замон дар Киев ҳуҷҷатҳоро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва мо дар чаҳорчӯби Конвенсияи соли 1993-и Минск амал мекунем», – иброз дошт номбурда.

Рӯзи 7-уми феврали соли равон суди ноҳиявии Бориспол (вилояти Киев) пешниҳоди прокуратураро қонеъ намуда, дар бораи

ҳабси муваққатии

собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов қарор қабул кард. Дар ҳаин ҳол, Андрей Федур, ҳимотгари Абдуллоҷонов изҳори умедворӣ намудааст, ки зерҳимояи ӯ ба мақомоти Тоҷикистон супурда намешавад. «Зерҳимояи маро ба кишваре, ки дархост мекунанд, истирдод кардан лозим нест, зеро дар онҷо ба ҷони ӯ хатари воқеӣ таҳдид мекунад. Зерҳимояи ман мақоми гурезаро соҳиб аст ва бояд ҳамчун гуреза мавриди ҳифз қарор гирад. Ӯ мутобиқи конвенсияи байнулмилалии дахлдор ҳифз мешавад», – гуфта буд ҳимоятгар.

Аввали моҳи феврали соли равон дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов

боздошт шуд.

 Ӯ аз ИМА ба Украина сафар доштааст. Дар Тоҷикистон Абдуллоҷонворо ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони президенти Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1996 ва даст доштан дар ошӯби мусаллаҳона таҳти роҳбарии полковник Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1998 дар вилояти Суғд гумонбар медонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.