Оғози мурофиаи масъулони парвандаи 33 нафар исфарагиҳо

Рӯзи душанбе, 18-уми феврал дар Тоҷикистон мурофиаи пурсарусадо оид ба парвандаи 33 нафар исфарагиҳо оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди олӣ хабар дод, назди суд се нафар масъули содир гардидани ҳукм нисбати 33 нафар айбдоршавандагон оид ба парвандаи ҷиноии собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев ҷавоб […]

Наргис Ҳамробоева


Рӯзи душанбе, 18-уми феврал дар Тоҷикистон мурофиаи пурсарусадо оид ба парвандаи 33 нафар исфарагиҳо оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди олӣ хабар дод, назди суд се нафар масъули содир гардидани ҳукм нисбати 33 нафар айбдоршавандагон оид ба парвандаи ҷиноии собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев ҷавоб мегӯянд.

Инҳо Рустам Олимов, собиқ корманди Прокуратураи генералӣ, Бердиқул Расулов, адвокати Толиб Ҷӯраев (бародари Н.Ҷӯраев) ва ҳамчунин судяи Суди олӣ Нур Нуров (судяи мурофиаи судӣ) мебошанд.

Аз ҷониби тафтишот муайян карда шудааст, ки зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ бо мақсади ба даст овардани ришва дар ҳаҷми ниҳоят зиёд онҳо маслиҳати пешакӣ анҷом додаанд. «Мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида дар толори ҷаласаҳои судии тавқифгоҳи №1-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад», – зикр кард манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, тафтишот оид ба парвандаи худи Низомхон Ҷӯраев дар қисмати ҷиноятҳои иқтисодӣ то ҳанӯз идома дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Н.Ҷӯраев хабар дод, муҳлати тафтишот як сол, яъне то 7-уми апрели соли 2013 дароз карда шудааст.

Дар ҷараёни тафтишот зумрае аз мансабдорон, аз ҷумла шахсони дар боло зикршуда – Рустам Олимов, Бердиқул Расулов ва корманди Агентии зиддифасод Саидаҳтам Мудинов, собиқ муовини прокурори нақлиёт Шермат Нуров ва собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ дар Суғд Очил Очилов ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Тобистони соли гузашта бо пешниҳоди президент судяи Суди олӣ Нур Нуров низ

аз мансаб барканор шуда

, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардид.

Ёдрас мекунем, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Н.Ҷӯраев соли 2007 оғоз гардид. Худи ӯ он замон аз кишвар фирор намуда, таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт, аммо соли 2009 беш аз 30 нафар ҷонибдорони ӯ ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд. Яке аз адвокатҳо оид ба ин парванда Солиҷон Ҷӯраев он замон як сабти аудиоиро пешкаш намуда буд. Дар ин сабт судяи Суди Олӣ Н.Нуров изҳор дошта буд, ки ӯро барои содир намудани чунин ҳукми вазнин нисбат ба ин 33 нафар раиси Суди олӣ маҷбур кардааст. Ҳамчунин адвокат гуфта буд, ки парвандаи ҷиноии мазкур сохта буда, хусусияти фармоишӣ дорад.

Пас аз ногаҳон пайдо шудани Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон, Агентии зиддифасод айбномаҳои ба ӯ пешниҳодшударо дубора мавриди баррасӣ қарор дода, парвандаи ӯро ба суд танҳо бо се моддаи иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки зарари онро ӯ аллакай ҷуброн кардааст. Дар баробари ин ҳабси як зумра шахсони мансабдор оғоз гардид, ки ба даст доштан дар қаллобӣ ё ришваситонӣ дар робита ба ин парванда гумонбар дониста мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.