Таксиҳои «Asian Express Airline» дар фурудгоҳи Душанбе

Бобати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон аз ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилали Душанбе таксиҳои Ширкати «Asian Express Airline» ба фаъолият шурӯъ намуданд. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, таксиҳои ширкат мошинҳои замонавӣ буда, махсус барои мусофирбарӣ омода шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 40 адад мошини ҳамсон машғули коранд, ки […]

ASIA-Plus


Бобати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон аз ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилали Душанбе таксиҳои Ширкати «Asian Express Airline» ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, таксиҳои ширкат мошинҳои замонавӣ буда, махсус барои мусофирбарӣ омода шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 40 адад мошини ҳамсон машғули коранд, ки 20 адад рӯзона ва 20 адад шабона фаъолият менамоянд.

Хусусияти хоси ин таксиҳо дар он аст, ки дар салон ҳисобкунак насб гардида, баробари ба роҳ баромадан ҳар км-и тайкарда ба ҳисоб гирифта мешавад. Алъон нархи як км роҳи тайкарда рӯзона 2.10 дирам ва шабона 2.50 дирамро ташкил менамояд.  

Ширкати «Asian Express Airline» фаъолияти худро дар бахши мусофирбарӣ ба роҳ монда, дар назар аст оянда доираи хизматрасонҳоро боз ҳам васеъ намояд. Мизоҷон метавонанд барои даъвати такси ба рақами 16-16 занг зада, соати муайяни хизматрасониро барои худ фармоиш кунанд. Таксиҳои замонавӣ ҳусни пойтахтро зеб бахшида, амнияти мусофиронро таъмин менамояд, гуфт зимни сӯҳбат ронанда Зафар Соқибеков.

Дар назар аст, ки ояндаи наздик, ҳавопаймоҳои ширкати «Asian Express Airline» низ ба хизматрасонӣ шурӯъ хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.