Бори нахуст дар корхонаи муштараки тоҷикиву эронии мурғпарварии «Як арча»-и ноҳияи Мӯъминобод аз воридоти тухм аз Эрон даст кашида, тухми истеҳсоли дохили кишвар ба инкубатсия хобонида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов иттилоъ дод, ба туфайли роҳандозии ҳамкории судманд бо корхонаи ҳамсони «Сомон фуд»-и шаҳри Ваҳдат муяссар шудааст, ки ба онҷо барои бозистеҳсол 9 ҳазор мокиён супурда шуда, акнун бозпас 45 ҳазор дона тухм гирифтаанд.
«Ин имкон медиҳад, ки арзиши аслии маҳсулот кам карда шавад, зеро воситаҳои асосии корхона барои харид ва ҳамлу нақли тухм тавассути нақлиёти автомобиливу ҳавоӣ аз Эрон масраф мешуданд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки айни замон барои фурӯш дар бозорҳои маҳаллӣ 50 тонна гӯшти парҳезӣ тайёр карда мешавад.
Ба гуфтаи номбурда, соли гузашта корхона барои фурӯш ба аҳолӣ 85 тонна гӯшти мурғ пешкаш намуда, соли равон ин нишондиҳандаро ба таври қобили мулоҳиза афзуданианд.


