Эҳтимоли маблағгузории аҳзоби парлумонӣ аз ҳисоби буҷет

Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки дар палатаи поёнии парлумон намоянда доранд, лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёси»-ро таҳия намудаанд, ки мувофиқи он, пешниҳод мегардад, ки аҳзоби сиёсии дорои намоянда дар парлумон дар сурати соҳиб шудан ба беш аз 5 дарсади овозҳои интихобкунандагон дар маъракаи интихоботи президент аз ҳуқуқи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет […]

Аваз Юлдошев


Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки дар палатаи поёнии парлумон намоянда доранд, лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёси»-ро таҳия намудаанд, ки мувофиқи он, пешниҳод мегардад, ки аҳзоби сиёсии дорои намоянда дар парлумон дар сурати соҳиб шудан ба беш аз 5 дарсади овозҳои интихобкунандагон дар маъракаи интихоботи президент аз ҳуқуқи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет бархӯрдор шаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков хабар дод, мувофиқи тағйирот, аҳзоби сиёсие, ки дар маъракаи интихоботи президент ва парлумон садди 5 фоизаи овозҳоро убур мекунанд, бояд ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатии кишвар ҳуқуқ пайдо намоянд.

«Мо пешниҳод кардем, ки ба аҳзоби парлумонӣ ва дигар аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар маъракаи интихоботи президент ба зиёда аз 5 фоизи овозҳои интихобкунандагон соҳиб мешаванд, барои ҳар як овоз аз буҷети давлатӣ 5 сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, аз ин ташаббуси намояндагони Ҳизби коммунист дар парлумон намояндагони Ҳизби агарарии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ пуштибонӣ намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар палатаи поёнии парлумони кишвар Ҳизби аграрӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳар кадоме ду намоянда дорад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 45 нафар намоянда дошта, 10 курсии парлумониро вакилони ғайриҳизбӣ ишғол мекунанд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.